The Tale of Beloved Samarkandi von Mirza Agha Asgari | ISBN 9783946451044

The Tale of Beloved Samarkandi

von Mirza Agha Asgari, Vorwort von Noorali Noorzad
Mitwirkende
Autor / AutorinMirza Agha Asgari
Sonstige Zusammenstellung vonUmriddin Yusufov
Vorwort vonNoorali Noorzad
Buchcover The Tale of Beloved Samarkandi | Mirza Agha Asgari | EAN 9783946451044 | ISBN 3-946451-04-7 | ISBN 978-3-946451-04-4

The Tale of Beloved Samarkandi

von Mirza Agha Asgari, Vorwort von Noorali Noorzad
Mitwirkende
Autor / AutorinMirza Agha Asgari
Sonstige Zusammenstellung vonUmriddin Yusufov
Vorwort vonNoorali Noorzad
«Ҳикояти ёри Самарқандӣ» гузидае аз сурудаҳои ошиқона ва иҷтимоии Монӣ аст, ки бо хатти кириллӣ барои тоҷикон мунташир мешавад. Доктор Нуралӣ Нурзод - устоди забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва доктор Умриддин Юсуфӣ - устоди забон ва адабиёти арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешгуфторе бар ин маҷмӯа навиштаанд.
Монӣ (Мирзооқо Аскарӣ) дар соли 1951 дар Эрон зода шуд. Нахустин китоби шеъраш «Фардо аввалин рӯзи дунёст» дар соли 1975 мунташир шуд ва то кунун 64 ҷилд аз осораш ба чоп расидаанд. Монӣ нақди адабӣ ва достон ҳам менависад. Ӯ аз декабри соли 1984 дар Олмон зиндагӣ мекунад ва узви Иттиҳодияи нависандагони Олмон аст. Бархе аз офаридаҳои ӯ ба олмонӣ ва забонҳои дигар мунташир шудаанд. Бар асоси навиштаҳо ва гуфтаҳои шоирону нависандагони Эрон Монӣ аз барҷастатарин ва пуркортарин шоирони имрӯзи Эрон аст. Китоби «Адабиёт ва эротизм»-и ӯ нахустин пажӯҳиш дар шеъри ошиқонаи ин ҷаҳонӣ ва шеъри эротикӣ ба забони форсӣ аст. Монӣ на танҳо таҳаввуле бузург дар шеъри ошиқона ва эротики Эрон ба вуҷуд оварда, балки аз пешоҳангони рӯшангарӣ дар миёни эрониён аст.